Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Прог мизбони мулоқот бо Додфар Спанто хоҳад буд


Ҷумҳурии Чех, ки ҳоло раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад, мегӯяд, ки мақомоти расмии ин иттиҳодия 28-ӯми январ бо Рангин Додфар Спанто-вазири хориҷаи Афғонистон дар Прог-пойтахти Чех музокира анҷом хоҳанд дод. Дар ин музокирот аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо Карел Шварзенберг-вазири хориҷаи Чех ва Бенита Ферреро-Валднер-кумисари равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ширкат мекунанд. Дар эъломияи мунташира гуфта мешавад, ки дар ин музокирот аслан ба равобити миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Афғонистон, ба вазъ дар ин кишвар ва ба стротегияи миллии рушди Афғонистон таваҷҷуҳ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG