Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон телвизюни РТР-и Русияро мебандад?


Имрӯз Асадуллоҳ Раҳмонов-раиси Кумитаи Садову Симои Тоҷикистон дар Душанбе дар нишасти хабарие ба рӯзноманигорон гуфт, агар шабакаи телвизюнии РТР-и Русия дар зарфи як моҳ қарзи худро пардохт накунад, ин шабака баста ва рӯи мавҷҳои он яке аз шабакаҳои телвизюнии Тоҷикистон пахш хоҳад шуд. Шабакаи РТР аз ширкати давлатии "Телерадиоком"-и Тоҷикистон барои хадамоти фаннӣ ва барқ тақрибан 150 ҳазор доллар қарздор аст. Ба гуфтаи оқои Раҳмонов, ҷониби Тоҷикистон дар давоми се моҳи гузашта борҳо барои пардохти ин қарз ба ҷониби Русия нома фиристодааст, вале то ҳол аз шабакаи РТР ҷавобе нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG