Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден ваъдаи кумак ба Афғонистон кард


Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико дар ҷараёни боздидаш аз Афғонистон қавл дод, ки кумакҳои Амрико ба Афғонистон барои муддати тулонӣ хоҳад буд. Дар мулоқоти рузи шанбе бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон оқои Байден дар бораи мубориза бо терроризм, афзоиши шумораи нируҳои Амрико, муҷаҳҳаз сохтан ва кумак кардан ба нируҳои Афғонистон гуфтугу кардааст. Дар ин бора дар эъломияе, ки дафтари Ҳомид Карзай мунташир сохт, маълумот дода шудааст. Аммо дар бораи ҷузъиёти мулоқоти ҷонибҳо дар эъломия тавзеҳот дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG