Ожонси кӯмак ба паноҳандагони фаластинӣ, муассисаи имдодии вобаста ба СММ, мегӯяд, тирандозии нирӯҳои Исроил алайҳи мошине, ки ба Ғаза кӯмак мебурд, мунҷар ба ҳалокати ронандаи ин мошин шудааст. Ин созмон мегӯяд, ҳаракати мошини ҳомили ёриҳои имдодиашро бо ҷониби Исроил ҳамоҳанг карда буд. Артиши Исроил гуфт, ҳодисаи иттифоқуфтода дар шимоли Ғазаро таҳқиқ мекунад.