Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия интиқоли газро ба Аврупо қатъ кард


Дар шароити идомаёбии даъвоҳои Русияву Украина бар сари қарз ва қимати газ, мақомоти зидахли Маскав тасмим гирифтанд, ки содироти онро ба масрафкунандаҳои аврупоиашон мутаваққиф кунанд. Булғористон гуфт, ки имшаб ширкати гази Русия интиқоли гази табииро тавассути қаламрави Украина барои Туркия, Македония ва Юнон қатъ кард. Хорватия ҳам гуфт, ки содироти гази русӣ ба ин кишвар қатъ шудааст, дар ҳоле, ки Руминия, Маҷористон ва Австрия гузориш доданд, ки интиқоли газ ба кишварҳояшон дар ҳудуди 30 дар сад коҳиш ёфтааст.

Рӯзи 1 январи имсол Русия таъмини бозори дохилии Украинаро бо гази табиӣ мутаваққиф кард ва Киевро дар дуздии захираҳои газе, ки тавассути хоки ин кишвар ба Аврупо интиқол меёбад, муттаҳам намуд. Украина дар навбати худ ин иттиҳомотро рад карда Русияро дар эҷоди маснӯии бӯҳрон муттаҳам кардааст. Русия тақрибан чоряки эҳтиёҷоти Аврупоро барои гази табиӣ бароварда месозад ва 80 % ин газ тавассути хоки Украина ба бозори Аврупо роҳ меёбад.
XS
SM
MD
LG