Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазирони Чех, Фаронса ва Шведсия ба Ховари Миёна


Вазирони умури хориҷии Ҷумҳурии Чех, Фаронса ва Шведсия имрӯз ба Ховари Миёна сафар мекунанд, то роҳҳои ҳалли бӯҳрони Ғаззаро баррасӣ намоянд. Вазири умури хориҷии чех Карл Швартсенберг, ҳамтоҳои фаронсавӣ Бернар Кушнер ва шведӣ Карл Билдт нахуст ба Қоҳира сафар мекунанд ва рӯзи душанбе вориди Байтулмуқаддасу Ромуллоҳ хоҳанд шуд. Эҳтимол меравад, сегона рӯзи сешанбе дар Уммон гуфтушунид барпо кунад. Ҷумҳурии Чех раёсати даврии Иттиҳоди Аврупоро бар ӯҳда дорад ва Фаронсау Шведсия раисони пешини ин иттиҳод буданд.
XS
SM
MD
LG