Дар Эрон бар асари ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳони суннимазҳаб чаҳор корманди нерӯҳои амниятӣ ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи хабаргузории расмии ИРНА, ин даргирӣ дар ҷанубу шарқи Эрон, дар як мавзеъи ҳаммарз бо Покистон рух дод. Тибқи хабарҳо, дар ин ҳодиса ҳамчунин 12 корманди хадамоти амниятии Эрон ҷароҳат бардоштанд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳе бар дӯш гирифтааст, ки барои ҳуқуқи мусалмонҳои суннимазҳаб дар Эрон мубориза мебарад. Аъзои гурӯҳ мутмаинанд, ки ҳукумати Эрон ҳуқуқи аққалияти суннимазҳабро поймол мекунад. Теҳрон мегӯяд, ки ин гурӯҳ бо созмони “Ал-Қоида” робита дорад.