Дар рузҳои бузургдошт аз 100-умин солгарди зодрузи Бобоҷон Ғафуров-донишманди номовари қарни бистум раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки китоби "Тоҷикон"-и ин донишманд ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо нусхаи зиёд чоп шавад. Бино ба дархости Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон, то рузҳои 20 солагии истиқлоли Тоҷикистон дар соли 2011 тарҷумаи "Тоҷикон" ба забони инглисӣ низ 50 ҳазор нусха аз чоп хоҳад баромад. Бобоҷон Ғафуров аз соли 1946 то соли 1956 раҳбари Тоҷикистон, яъне котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Куммунисти ин кишвар ва аз соли 1956 то охири умр раиси Пажуҳишгоҳи Ховаршиносии Иттиҳоди Шуравӣ буд.