Ожонси байналмилалии энержӣ мегӯяд, имсол барои нахустин бор дар 25 соли охир тақозои ҷаҳон ба нафт коҳиш хоҳад ёфт. Ин ожонсӣ мегӯяд, тақозо ба нафт дар соли 2008 назар ба як соли пеш 0,2 дарсад камтар хоҳад шуд. Аз соли 1983 ба ин сӯ тақозо ба ин навъи маводи сӯхт ҳамеша рӯ ба афзоиш дошта, дар тобистони имсол нархи як бушкаи нафти хом ба ҳудуди 150 доллар наздик шуда буд. Аммо баъдан дар пайи бӯҳрони саросарии молӣ, нархи нафт башиддат рӯ ба коҳиш овард ва феълан қимати як бушкаи нафти хом дар ҳудуди 45 доллар чарх мезанад.