Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷоти бародари Ҳомид Карзай аз инфиҷор


Аз як таркиши худкушона ду нафар кушта ва 30 нафар замхӣ шуданд, аммо бародари президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ҷон ба саломат бурд. Полис мегӯяд, инфиҷор дар назди бинои ҳукумати маҳаллӣ дар шаҳри Қандаҳор, ҷануби Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Бародари Карзай Валӣ Карзай дар ҳамин бино, дар шӯрои ҳукумат ба ҳайси раиси он кор мекунад.
XS
SM
MD
LG