Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров бо Багапш дар Сухумӣ гуфтугӯ кард


Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз вориди Абхозистон шуда равобити дуҷонибаи дипломатиро бо мақомоти ин ҷумҳурии ҷудоиталаби Гурҷистон паси дарҳои баста баррасӣ кард. Русия ахиран Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ба ҳайси давлатҳои мустақил ба расмият шинохт ва дар даргириҳои моҳи гузаштаи Осетияи Ҷанубӣ сарбозонашро барои ҷилавгирӣ аз кӯшиши низомии Тифлис дар баргардонидани ин ҷумҳурӣ фиристод. Лавровро дар фурудгоҳи Сухумӣ, пойтахти Абхозистон раиси ҷумҳурии Абхозистон Сергей Багапш ва мақомоти дигари ин ҷумҳурӣ пешвоз гирифтанд. Сафари Лавров ба Сухумӣ як рӯз баъди берун шудани нирӯҳои русӣ аз шаҳрҳои гурҷии воқеъ дар соҳили Баҳри Сиёҳ - Потӣ ва Сенакӣ сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG