Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулони нақшаи инфиҷори ҳавопаймо зиндонӣ шуданд


Рӯзи душанбе додгоҳи Лондон се узви як гурӯҳи исломиро бо тарҳрезии инфиҷори ҳавопаймои масири трансатлантикӣ дар соли 2006-ум муҷрим донист. Ба қавли додгоҳ гурӯҳ мехост дар масири Лондон-Амрикои Шимолӣ инфиҷор ташкил кунад. Гурӯҳ нақша доштааст, ки маводи таркандаи моеъро ба ҳайси нӯшокӣ ба ҳавопаймо дарорад. Баъди ҳабси ин гурӯҳ дар соли 2006-ум хадамоти ҳавоии Британия овардани маводи моеъ ба дохили ҳавопаймоҳоро маҳдуд кард.
XS
SM
MD
LG