Бино бар иттилоъи БДА-и Тоҷикистон, садамаи автомобилӣ дар 132 километрии шоҳроҳи Душанбе-Данғара-Кӯлоб ба вуқӯъ пайвастааст. Автомобили тамғаи Дэу бо ВАЗ-2114 бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ҳар ду ронанда ва ҳашт мусофири ин ду автомобил ҷони худро аз даст додаанд.
Танҳо ду мусофир аз ин автомобилҳо ҷон ба саломат бурдаанд ва феълан, дар маризхона бистариянд.
Тафсилоти бештари ин садама дар фурсати наздиктарин нашр хоҳад шуд.
Садамаи ду автомобил дар шоҳроҳи Душанбе-Данғара-Кӯлоб ҷони даҳ нафарро рабудааст. Ду қурбонии садама атфол будаанд.