Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воронин: Молдова ба Гурҷистон пайравӣ нахоҳад кард


Раисиҷумҳури Молдова Владимир Воронин ва ҳамтои румини ӯ Траян Бэсеску дар Кишинёв мавзӯъи таъсири низоъи миёни Русияву Гурҷистон ба низоъ дар Приднестровие ё Ҷумҳурии Соҳили Днестрро баррасӣ карданд. Раисиҷумҳури Руминия баъди музокирот изҳор намуд, ки ҷонибҳо ба нақши фаъолтари Иттиҳодияи Аврупо дар амалиёти таъмини сулҳ дар минтақа таъкид кардаанд. Владимир Воронин, дар навбати худ гуфт, ки "Молдова ба хотири эҳёи якпорчагии худ ҳеҷ гоҳ аз нерӯ истифода нахоҳад кард".

XS
SM
MD
LG