Интизор меравад, ояндаи наздик дар мақомоти раҳбарии баъзе вазорату идораҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат бигирад. Бино ба иттилоъи расмӣ Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбе афроди ба ин мақомҳо тавсияшударо ба ҳузур пазируфтааст. Вай зимни сӯҳбат бо афроди мақоми раиси додгоҳ ва муовинони он пешниҳод шуда, аз вуҷуди фасоду ришваситонӣ дар ин идораҳо ибрози нигаронӣ кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ба “кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳо ва роҳбарии муассисаҳои олии таълимии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот пешниҳодгашта вазифаҳои мушаххас дода шуд.” Аммо доир ба тағйири раҳбари кадом вазорату идораҳо иттилоъе дода нашудааст.