Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайравони Караҷич ҷамъ мешаванд


Додгоҳи ҷиноятҳои низомии Сербия мегӯяд, ки то ҳанӯз эътирози Радован Караҷич ба истирдодашро дастрас накардааст. Собиқ раҳбари сербҳои Босния Караҷич бо ҷиноятҳои ҳарбӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии ин кишвар муттаҳам мешавад ва Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҳарбӣ, воқеъ дар шаҳри Ҳайги Ҳолланд истирдоди ӯро тақозо кардааст. Дар Белград Ивана Рамич сухангӯи додгоҳи ҷиноятҳои ҳарбии Сербия гуфт, ки то ҳол эътирози Караҷич то додгоҳ нарасидааст. Вакили мудофиаи Караҷич мегӯяд, ки ӯ рӯзи ҷумъа эътирозро дар шакли катбӣ тариқи почта ирсол намудааст. Бар пояи қонунҳои Сербия агар ариза пешниҳод нашавад ва ё паём сари вақт дастраси додгоҳ нагардад, додгустар метавонад Караҷичро ба додгоҳи байналмилалӣ таслим намояд.
Дар ҳамин ҳол миллатгароҳои серб тасмим гирифтаанд, ки имрӯз бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз истирдоди Караҷич дар Белград раҳпаймоӣ намоянд.
Вакили мудофиаи Караҷич хавф дорад, ки ӯро пеш аз оғози гирдиҳамоӣ ба Ҳайг таслим мекунанд.
XS
SM
MD
LG