Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикову Лаҳистон ба созиш нарасиданд


Иёлоти Муттаҳида ва Лаҳистон зимни музокирот дар Вашингтон дар мавриди истиқрори сипари дифоъи мушакии Амрико дар хоки Лаҳистон ба тавофуқ нарасиданд. Вазири умури хориҷа Радослав Сикорскӣ ва Кондолиза Райс ҳамтои амрикоиаш натавонистанд рӯзи душанбе дар робита ба ин тарҳ ба созиш бирасанд. Кондолиза Райс рӯи сешанбе 8 июл ба хотири имзои созишномаи муҳими истиқрори сипари дифоъии мушакии Амрико дар Аврупои Марказӣ ба Ҷумҳурии Чех меояд. Бар асоси ин санад, Иёлоти Муттаҳида дар Ҷумҳурии Чех радарҳоеро мегузорад, ки барои мушоҳидаи ҳаракати мушакҳои дурпарвоз пешбинӣ шудааст. Русия мухолифи ҳузури мушак ва радарҳои Амрико дар Аврупо мебошад.
XS
SM
MD
LG