Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як фаъолони гурӯҳи экстремистӣ


Хабаргузории Интерфакси Русия аз боздошти яке аз фаъолони 16 солаи як гурӯҳи экстремистӣ дар ноҳияи Примореи Санкт-Петербург иттилоъ додаст. Дар сомонаи интернетии ин хабаргузорӣ аз қавли мақомоти ҳифзи ҳуқуқ навишта шудааст, ки ин фаъоли гурӯҳи табаҳкор дар ҳодисаи террористии истгоҳи метрои мавсум ба "Уделная" даст доштааст. Хабаргузорӣ навиштааст, ки дар ҷараёни таҳқиқи ҳодисаи куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз хиёбонҳои ин ноҳия дар моҳи январи соли равон ходимони полис ба таъқиби ин гурӯҳ пардохта ва иртиботи фаъоли 16 солаи гурӯҳи табаҳкор дар ҳодисаи мазкурро муайян кардаанд. Ба ҳангоми боздошт ва бозрасии манзили зисти вай миқдоре аз муҳиммоти ҷангӣ ба шумули маводи мунфаҷира ва тир ошкор ва мусодира шудааст, ки бо ҳадафи анҷоми амали террористӣ пинҳон карда шудааст. Муҳиммоти ҷангиро падари ин фаъоли гурӯҳи табаҳкор харида будааст. Мақомоти тафтишотӣ дар заминаи нигаҳдории ғайримуҷози силоҳ алайҳи узви 16-солаи ин гурӯҳ парванди ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

XS
SM
MD
LG