Нурӣ Ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ гуфтааст, мехоҳад ҳароси Эронро аз паймони пешниҳодии амниятӣ бо Амрико аз байн бибарад. Дар ҷараёни боздиди худ аз Теҳрон Моликӣ гуфтааст, Ироқ иҷоза нахоҳад дод, ки аз хоки кишвараш ба Эрон ҳамла сурат бигирад. Матбуъоти давлатии Эрон навиштааст, Моликӣ ин нуктаро дар мулоқот бо Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон изҳор доштааст.