Дмитрий Рупел, вазири умури хориҷаи Словения, садри даврии Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар нишасти Брюсел нигарониҳои кишварҳои аврупоӣ аз ҳалношуда боқӣ мондани низоъҳо дар Гурҷистон ва Молдоваро эълом дошт ва гуфт, ки дар музокирот бо Маскав бояд рӯи ин мушкил тамаркуз шавад. Оғози музокирот бо Русия барои таҳияи созишномаи нави ҳамкорӣ - мавзӯъи аслии нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Брюсел маҳсуб мешавад. Мӯҳлати созиши пешин моҳи декабри соли гузашта поён ёфта буд.
Ҳафтаи гузашта Литва ветои худ дар робита ба гуфтушуниди Иттиҳодияи Аврупо бо Маскавро лағв кард ва акнун, ба иттилоъи Брюссел, барои шурӯъи музокирот монеъае мавҷуд нест.
Дар нишасти Брюсел мавзӯъи ба роҳ мондани равобити наздиктар бо Укроин, Молдова, Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон, осон кардани дарёфти раводид ва рушди тиҷорат бо ин кишварҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Радослав Сикорский, вазири хориҷаи Лаҳистон гуфт, ки ҳадафи дарозмуддат - кумак ба ин кишварҳо барои вуруд ба Иттиҳодияи Аврупост.