Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи такрорӣ дар Сичуани Чин


Мақомоти Чин саъй доранд, сокинони вилояти офатзадаи Сичуанро ором намоянд. Баъди ҳушдори ҳукумат дар мавриди эҳтимоли такрори заминларзаи нерӯманд даҳҳо ҳазор нафар паноҳгоҳҳояшонро тарк карданд. Дар паи нашри эълон дар шабакаи телевизиони Чин сокинони шаҳри Ченгду: маркази вилояти Сичуан, ба майдонҳои кушод раҳсипор шуданд. Баъди муддате ин минтақаро зилзилаи мусовӣ бо 5 дараҷа такон дод. Мақомоти Чин мегӯянд, заминларзаи 12-уми май ба 7,9 дараҷа баробар буд. Бар асари ин офат то 70 ҳазор нафар кушта ва ё бе ному нишон шудаанд. Сар аз 19-уми май дар Чин мотами серӯза эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG