Ҳукумати Амрико хирси сафед ё қутбиро ба номгӯйи ҳайвоноте шомил кард, ки рӯ ба нестӣ доранд. Дар изҳороти он гуфта мешавад, бо сабаби об шудани яхи Арктик бар асари тағйир иқлим муҳити зисти хирси сафед тахриб шуда, мумкин аст, дар ояндаи қобили мулоҳиза ин навъи олами ҳайвонот комилан аз байн биравад.