Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон дар Вирҷиниё бар Обама пируз шуд


Хонум Ҳилларӣ Клинтон дар интихоботи муқаддамотӣ барои номзадӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико аз Ҳизби Демократ дар аёлати Вирҷиниёи Ғарбӣ пируз шуд.
Гузоришҳои телвизюнӣ аз ин аёлат ҳокист, ки пирузии хонум Клинтон бар Борак Обама-мудаъии дигар аз ин ҳизб дигар чашмгир аст. Хонум Клинтон баъд аз пирузиаш гуфт:
"Ман бештар аз ҳар вақти дигар мусаммим ҳастам, ки ин маъракаро идома диҳам то замоне6 ки ҳар кас шонси онро дошта бошад, ки садои худро бишнавад".
Вале ин пирузӣ шонси Обамаро барои номзадӣ аз байн намебарад ва вай ҳамоно дар сафи пеши мубориза қарор дорад. Пирузии Ҳилларӣ Клинтон дар аёлати Вирҷиниёи Ғарбӣ ба ин маънист, ки вай муборизаро барои Кохи Сафед идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG