Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко ба минбари парлумон роҳ наёфт


Раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко имрӯз натавонист паёмаш ба мардумро аз минбари парлумон ироа кунад.

Вакилони тарафдори сарвазир Юлияи Тимошенко ба нишони эътироз ба вокуниши кунди Юшенко ба мизони афзояндаи таваррум дар кишвар пеши роҳи минбари Верховний Рада, парлумони Украинаро банд карданд.

Танҳо дар соли ҷорӣ бори дуввум аст, ки Виктор Юшенко наметавонад дар парлумон суханронӣ кунад.

Аҳзоби Юшенко ва Тимошенко, ду муттаҳиди дар рӯзҳои инқилоби норанҷии соли 2004 хеле наздик, дар соли гузашта ташкили эътилофи ҳоким карда буданд.

XS
SM
MD
LG