Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли кӯмакҳо ба Миянмар аз сар гирифта мешавад


Барномаи ғизои СММ гуфт, рӯзи шанбе интиқоли кӯмакҳоро ба Миянмар тавассути роҳҳои ҳавойӣ аз сар мегирад. Изҳороти мазкур чанд соат баъди он пахш шуд, ки баъди мусодира шудани ду бахши кӯмакҳо аз ҷониби мақомоти Миянмар, ин созмон гуфт, ҷараёни интиқоли ёриҳоро мутаваққиф мекунанд. Ҳукумати Янгон гуфтааст, ки кӯмакҳоро қабул хоҳад кард, аммо иҷозаи вуруд ба ҳайатҳои ёрирасонро нахоҳад надод. Тӯфони "Наргис" ҳудудан 23 ҳазор нафарро кушта, беш аз 42 ҳазор нафарро беному нишон кардааст. Беш аз яку ним миллион мардуми Миянмар ба кӯмакҳои ғизоиву тиббӣ ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG