Мақомоти Афғонистон мегуяд, онҳо ду корманди давлатиро, ки гуфта мешавад, дар талоши суиқасд ба ҷони Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон даст доштаанд, боздошт кардаанд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли Абдулраҳим Вардак-вазири дифоъи Афғонистон гуфтааст, яке аз онҳо корманди пулис аст, ки дар бахши беҳдошти пулис кор мекунад ва дигарӣ коршиноси аслиҳа дар вазорати дифоъи Афғонистон, ки суиқасдкунандагонро бо аслиҳа таъмин кардааст. Суиқасдкунандагон 27-уми апрел дар ҷараёни паради низомӣ дар Кобул ба суи Ҳомид Карзай тирандозӣ карданд, вале вай аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурд. Се нафари дигар кушта шуданд. Амруллоҳ Солеҳ-раиси хадамоти кашфи Афғонистон Ал-Қоъидаро дар ин табаҳкорӣ муттаҳам кард ва гуфт, Ал Қоъида дар паси ин ҳамла қарор дорад.