Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Манчестер Юнайтед" бар "Барселона"


Рӯзи сешанбе тими футболи “Манчестер Юнайтед”-и Инглистон дар бозии дуввуми даври ниманиҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои футболи Аврупо бар тими “Барселона”-и Испания бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, нахустин роҳхат ба даври ниҳоии ин мусобиқоти мӯътабарро ба даст овард. Бозии аввали ин ду тим дар Барселона бо натиҷаи 0:0 анҷом ёфта буд.

Имрӯз барои дарёфти роҳхати дуввум ба даври ниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои футболи Аврупо ду тими инглисии “Челси” ва “Ливерпул” вориди рақобат мешаванд.

Бозии аввали ин ду тим дар майдони “Ливерпул” ҳафтае пеш бо ҳисоби мусовии 1:1 поён ёфта буд.

Дар ҳар сурат, маълум аст, ки дар даври ниҳоӣ ду тими Инглистон ба дидори ҳам хоҳанд рафт. Бозии ниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои футболи аврупо рӯзи 21 май барои нахустин бор дар варзишгоҳи “Лужники”-и шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG