Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Бритониё дар Бағдод аст


Сафорати Бритониё дар Бағдод гуфт, ки вазири хориҷаи ин кишвар Дейвид Миллибанд бо нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ дар Бағдод мулоқоте дойир намуд. Ҳарчанд роҷеъ ба тафсилоти ин гуфтугӯҳо иттилое пахш намешавад, аммо гуфта мешавад, ки оқои Миллибанд баъди ширкат дар мулоқоти вазирони ҳамсоякишварҳои Ироқ дар Кувайт вориди Бағдод шуд. Ҳамчунон имрӯз Дес Браун, вазири дифои Бритониё гуфт, ки таваққуф дар берункашии нирӯҳои бритониёӣ аз хоки Ироқ по бар ҷо хоҳад монд. Вай имрӯз дар баробари парлумон гуфт, ки танҳо дар сурати пеш омадани шароити мусоид шумори нирӯҳои ин кишвар дар Ироқ коҳиш дода мешавад. Браун чанде пеш бо сабаби болоравии мавҷи хушунатҳо дар ин минтақа нақшаи берункашии ҳудудан 1500 воҳидҳои низомиро аз пойгоҳи Бритониё дар беруни Басра боздошт. Феълан ин кишвар дар Ироқ 4000 сарбоз дорад.

XS
SM
MD
LG