Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашёи гаронбаҳои Ироқро баргардонданд


Ҳукумати Сурия имрӯз ҳудуди 700 ашёи нодири қадимаро, ки баъди таҷовузи таҳти раҳбарии Амрико дар соли 2003 аз осорхонаҳои Ироқ дуздида буданд, ба ин кишвар бозгардонд. Вазири фарҳанги Сурия Риёз Наъсан-Оғо тамоми ин ашёро зимни як маросими хос дар шаҳри Бағдод ба вазири сайёҳӣ ва бостоншиносии Ироқ Муҳаммад Аббос Ал-Урайбӣ супурд. Ин ашёро мақомоти гумруки Сурия аз қочоқбарон мусодира кардаанд. Тахмин мешавад, ки пас аз таҷовуз ба Ироқ ва беназмиҳои баъдӣ 32 ҳазор ашёи қадимаи нодир аз Ироқро ба ғорат бурдаанд.

XS
SM
MD
LG