Ширкати "Аэрофлот"- и Русия омодааст, барои харидани саҳмияҳои ширкати ҳавопаймоии бепулмондаи "Алиталия" музокира кунад. Нахуствазири Итолиё Силвио Берлусконӣ имрӯз гуфт, ҳангоми мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин эҳтимоли нақши "Аэрофлот" дар наҷоти ширкати ҳавопаймоии “Алиталия”- ро дар миён гузоштааст, ки ин ширкат дар вазъи бади молие қарор дорад.
Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон Владимир Путин гуфт, ки "Аэрофлот" омодааст, дигарбора сари ин масъала бо "Алиталия" музокирот кунад. Ҷузъиёти дигаре дар ин бора ироа нашудааст. Раиси ҷумҳури Русия барои дидору мулоқот бо дӯст ва муттафиқи сиёсиаш Силвио Берлусконӣ баъди сафараш дар Либия ба шаҳри Сардинияи Итолиё омад.