Мақомоти Молдова мегӯянд, марди кулоҳпӯше туфангча дар даст бонки фаронсавиро дар ин кишвар ғорат карда, бо дучарха аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Вазорати умури хориҷии Молдова мегӯяд, ин мард ҳангоми рабудани сармояҳои бонки Сосейти Ҷенерале ду бор аз туфангча оташ кушодааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, посбоне ҳангоми ҳодиса сари кор набудааст. Ғоратгар наздик ба 14 000 доллари бонкро гирифта, ба дучарха нишаста, фирор кардааст.