Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории раиси шаҳри Хоруғ


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Назарбегим Муборакшоеваро аз вазифааш барканор карда, дар ҷои ӯ, Мулкамон Назаралиевро ба ин мақом таъин намуд. Ҳарчанд дар фармони истеъфои Муборакшоева, сабаби истеъфо гузаштан ба кори дигар номида мешавад, бархе аз нозирони маҳаллӣ ин истеъфоро ба эътирозҳои густарда аз кори мақомоти давлат ва талоши баргузории тазоҳурот дар Хоруғ бастагӣ медиҳанд.
XS
SM
MD
LG