Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рушди иқтисоди ҷаҳонӣ кунд мешавад


Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, ки рушди иқтисоди ҷаҳон назар ба пешбиниҳои қаблӣ камтар хоҳад буд ва иқтисоди Амрико ба сӯи рукуд ҳаракат дорад. Дар муддати чаҳор моҳи ахир бори дуввум аст, ки ин созмон коҳиши мизони рушди иқтисоди ҷаҳониро пешбинӣ мекунад. Ин дафъа ба пешбинии Сандуқи Байналмилалии Пул рушди иқтисоди ҷаҳонӣ имсол 3,7 дар садро ташкил хоҳад дод. Ба гуфтаи Сандуқи Байналмилалии Пул, бӯҳрони қарзӣ дар Амрико иқтисоди ҷаҳониро ба қафо мекашад. Ин муассисаи байналмилалии молӣ гуфт, соли гузашта иқтисоди ҷаҳонӣ тақрибан 5 дарсадро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG