Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи демократҳои тоҷик ба Путин ва Медведев


Раёсати душанбегии Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар паёме ба президентҳои феълӣ ва ояндаи Русия, Владимир Путин ва Дмитрий Медведев аз онҳо дархост кард, ба рӯшан шудани сарнавишти раҳбари ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мусоидат кунанд. Дар ҳоле ки Искандаров дар соли 2005 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуда буд, 4-уми апрели ҳамон сол расман озод шуд, зеро мақомоти Русия дархости додситонии кулли Тоҷикистонро барои ҳабси ӯ нокофӣ донистанд. Аммо дар нимаҳои апрели соли 2005 Искандаров ба таври асроромез аз Маскав ғайб зад ва дертар мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ӯро дар Душанбе боздошт кардаанд. Моҳи октярби соли 2005 Додгоҳи олии Тоҷикистон Искандаровро бо айбномаи терроризм, сирқати молӣ ва ҷиноёти дигар ба 23 соли зиндон маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG