Артиши Ироқ бо пуштибонии нирӯҳои амрикоӣ дар ҷангҳои шаҳраки Садри Бағдод даргир аст. Манобеъи пизишкӣ мегӯянд, дар ин ҷангҳо ба камияш 25 нафар кушта ва 100 нафар захмӣ шудааст. Даргириҳо дар ҳоле шурӯъ шудаанд, ки ҳафтаи гузашта рӯҳонии шиъа Муқтадо Садр ба тарафдоронаш дастури отшабас дода буд. Аммо ҳамлаҳои мушакӣ ва хумпораӣ рӯзи якшанбе дар Бағдод се сарбози амрикоиро ба ҳалокат расонда, 31 нафарро захмӣ кард, аз ҷумла ду сарбози амрикоӣ дар минтақаи амниятии сабз кушта шуданд.