Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқати НАТО ва Русия


Паймони Атлантики Шимолӣ ва Русия санадеро карданд, ки иҷоза медиҳад, то НАТО таҷҳизоту абзори ғайринизомиашро аз тариқи қаламрави Русия ба нерӯҳои худ дар Афғонистон интиқол диҳад.

Табодули санадҳои марбут дар нишасти НАТО ва Русия дар шаҳри Бухарест сурат гирифтааст. Ба қавли сухангӯи НАТО, ин санад иҷоза медиҳад, Паймони Атлантики Шимолӣ ба истиснои абзору муҳимоти ҷангӣ, маводи ғизоӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишворӣ ва мошинҳо аз роҳҳои заминии Русия ба Афғонистон интиқол диҳад.

XS
SM
MD
LG