Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ним миллиард $ тақозои кӯмак барои WFP


Барномаи ҷаҳонии озуқа аз кишварҳои мададрасон хостори ироаи ним миллиард доллар кӯмаки оҷили иловагӣ шудааст. Болоравии бесобиқаи қимати маводди ғизоӣ беш аз ҳама барои 15 кишвари дар ҳоли рушд, бо шумули Тоҷикистону Куба, асароти манфӣ хоҳад дошт, - ҳушдор медиҳад ин ниҳоди СММ. Мақомоти ин созмон таъкид мекунанд, ки беш аз 70 миллион сокини 80 кишвари ҷаҳон чашминтизори кӯмакҳои изтирории Барномаи ҷаҳонии озуқа ҳастанд, ки мебояд дар зарфи ҳадди аксар чаҳор ҳафтаи дигар бирасад.

Барномаи ҷаҳонии озуқа мегӯяд, ба иллати ба ҳисоби миёна 20 дарсад боло рафтани қиматҳо, акнун ба 500 миллион доллари иловагӣ ниёз дорад. Қаблан созмонҳои байналмилалӣ шумори мардуми ниёзманди кӯмакҳои ғизоӣ дар Тоҷикистонро беш аз 550 ҳазор нафар баровард карда буданд.

XS
SM
MD
LG