Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петреус: Дар паси ҳамлаҳои ахир Эрон истода буд


Фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Ироқ генерал Дейвид Петреус гуфт, шавоҳиде дар даст ҳаст, ки дар паси ҳамалоти ахири хумпораиву мушакӣ алайҳи минтақаи сабзи Бағдод Эрон истодааст. Генерал Петреус дар сӯҳбат бо BBC гуфт, ӯ фикр мекунад, ҷангиёнеро, ки шаби якшанбе болои ин минтақа як силсила мушаку хумпора партоб карданд, маҳз Эрон таъмини молу силоҳ ва тамрин мекунад. Минтақаи сабзи Бағдод мақари ниҳодҳои давлативу дипломатӣ маҳсуб шуда, таҳти ҳимояти шадиди нирӯҳои Амрико қарор дорад.

Бино ба хабарҳо, дар асари ҳамалот дар хориҷ аз минтақаи сабз дасти кам 12 ироқии ғайринизомӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG