Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъзоми нирӯҳои нави Чин ба Тибет


Чин ба хотири фурӯ нишондани тазоҳуроти зиддидавлатӣ ҳузури низомиаш дар Тибет ва вилоёти бо он ҳамҷаворро афзоиш медиҳад. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, корвонҳои бузурги низомӣ дар роҳи ба сӯи Тибет қарор дошта, нирӯи фаровоне алакай ба вилоятҳои бо Тибет ҳамҷавор расидааст.

Ин дар ҳолест, ки Чин барои нахустин бор алайҳи тазоҳургарон оташ кушодани нирӯҳои пулис дар рӯзи якшанбеи гузашта дар вилояти бо Тибет ҳамсояи Сичуанро эътироф кардааст. Фаъолони тибетӣ мегӯянд, дар ҷараёни ошӯбҳои ахир дар Тибет беш аз 100 нафар бо дасти пулис кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG