Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои ҷосусӣ дар Баҳри Сиёҳ буд ё набуд?


Раҳбарони минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистони Гурҷистон иддао доранд, ки нерӯҳои амниятии онҳо дар ҳарими ҳавоии Баҳри Сиёҳ як ҳавопаймои ҷосусии бидуни сарнишини Гурҷистонро сарнагун кардаанд.
Сергей Багапш раҳбари Абхозистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳавопаймои ҷосусӣ ба Гурҷистон тааллуқ дошт. Вазорати мудофиаи Гурҷистон ҷой доштани чунин ҳодисаро рад кардааст.
Абхозистон аз ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта амалан аз тасарруфи Гурҷистон берун мебошад. Моҳи гузашта баъди эълони истиқлоли Косово раҳбарони ин минтақа аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо карданд, ки истиқлоли онҳо расман шинохта шавад.
XS
SM
MD
LG