Дик Чейнӣ, ноиби раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида имрӯз дар Бағдод эълом дошт, ки кишвараш ба ҳеҷ ваҷҳ аз пуштибонии Ироқ даст нахоҳад бардошт. Чейнӣ рӯзи душанбе бо як сафари ғайрииинтизор вориди Бағдод шуд ва вазъи амниятии кишварро дар мулоқотҳо бо сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ, сафири Амрико дар Бағдод Райан Крокер ва фармондеҳи неруҳои амрикоӣ дар Ироқ Дэвид Петреус баррасӣ кард.