Пиряхҳо бо суръати рекордӣ об мешаванд ва эҳтимол дар даҳсолаҳои оянда шумори зиёди онҳо аз байн равад.
Барномаи зистмуҳитии СММ бар пояи пажӯҳиши донишмандон навиштааст, ки соли 2006-ум суръати обшавии тахминан 30 пирях рекордӣ буд. Ба қавли СММ пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими оби ошомиданӣ, обёрӣ ва тавлиди нерӯи барқи миллионҳо сокини дунё истифода мешаванд. Хасороти бештарини соли 2006-ум ба пиряхи Бейдалбликбреаи Норвегия рост меояд, ки тибқи пажӯҳиш се метру даҳ сантиметрашро аз даст додааст.