Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Эрон интихоботи парлумон доир мешавад


Имрӯз дар Эрон номзадҳо аз ду ҷиноҳи муҳофизакорон ва ё ба истилоҳ, “усулгароён”, ва як гурӯҳи номзадҳои ислоҳталаб барои 290 курсии давраи ҳаштуми Маҷлиси Шӯрои Исломӣ мубориза мебаранд. Аммо эътилофи ислоҳталабон имкони мубориза барои танҳо сеяки курсиҳои парлумони ояндаи Эронро ба даст овардаанд, чунки ағлаби номзадҳояш тавассути Шӯрои Нигаҳбон, як ниҳоди ғайримунтахаби масъули назорат бар Қонуни Асосии Ҷумҳурии исломӣ, радди салоҳият шудаанд.

Бо ин вуҷуд, ислоҳталабон аз 44 миллион нафар мардуми воҷиди шароити раъйи Эрон даъват кардаанд, дар интихоботи рӯзи 14 март фаъолона ширкат биварзанд.

Муҳофизакорон, ба навбаи худ, ба 2 шоха тақсим шудаанд.

Яке Ҷабҳаи муттаҳиди усулгароён аст, ки сароҳатан аз давлат пуштибонӣ мекунад. Ба ҷиноҳи дуввуми муҳофизакорон Алии Лориҷонӣ, раҳбари собиқи ҳайъати Эрон дар музокироти ҳастаӣ, ва Муҳаммадбоқири Қолибоф, шаҳрдори Теҳрон, раҳбарӣ мекунанд. Ҳарду интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2005-умро ба Аҳмадинажод бохта буданд.

Таҳлилгарон мегӯянд, аммо натоиҷи интихобот нишон хоҳанд дод, ки маъруфияти раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод то кадом ҳадд коста шудааст. Мизони фазояндаи таваррум, ки наздики 19 дарсад шудааст, ва мизони акнун даҳдарсадии бекорӣ бисёри эрониҳоро нисбат ба давлати кунунӣ ноумед ва хашмгин кардааст. Аҳмадинажод ваъда дода буд, ки фоидаҳои ҳангуфти Эрон аз фурӯши нафтро “ба рӯи дастурхони мардум” хоҳад рехт.

XS
SM
MD
LG