Як гурӯҳи раҳбарони қабоил, донишмандон ва сиёсатмадорони собиқи ироқӣ аз СММ даъват кардаанд, назорат бар Ироқро ба дасти худ бигирад. Дар як номаи муштарак ба дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун онҳо навиштаанд, таҳти назорати СММ овардани Ироқ кӯмак мекунад, ки ҷараёни сиёсӣ дар ин кишвар аз як “масири дуруст” пеш биравад.
СММ дар соли 2003 дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ алайҳи сохтмони намояндагиаш дар Бағдод, ки мунҷар ба ҳалокати даҳҳо нафар, аз ҷумлаи намояндаи ин созмон дар Ироқ шуд, фаъолиятҳояш дар он кишвари ҷангзадаро кам кард.