Ҳайъатҳои Амрикову Ироқ дар Бағдод ба баррасии масъалаи равобити дарозмуддат байни ин ду кишвар ва тарҳи қарордоде, ки заминаи ҳуқуқии ҳузури низомии Амрико дар Ироқро фароҳам хоҳад сохт, шурӯъ кардаанд.
Музокирот аз ҷумла фарогири масоили таъсиси пойгоҳҳои доимии низомии Амрико дар Ироқ, теъдоди нирӯҳои амрикоие, ки дар ин кишвар хоҳанд монд, ва замони будубоши онҳо хоҳад буд.
Амрико мегӯяд, ин музокирот шояд то декабр тӯл бикашад.