Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА: Русия шояд Абхозистонро расман бишиносад


Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, "нигарониҳои афзоянда" мавҷуд ҳаст, ки Русия метавонад истиқлолияти ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистонро эътироф кунад. Ин изҳори назари кумиссари равобити берунаи ИА Бенита Ферреро –Волднер 4 рӯз баъд аз хуруҷи Русия аз созишномаи байни кишварҳои муштаракулманофеъ, ки ба ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи Абхозистон даъват мекард, ва чанд ҳафта баъд аз эълони истиқлолияти Косово садо медиҳад.

Русия, ки ба таври ғайриаланӣ аз маъмуриятҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ ҳимоят мекунад, бо изҳори мухолифати шадид ба истиқлолияти Косово гуфта буд, мавриди Косово метавонад барои дигарон намунаи ибрат шавад.

Хонум Волднер аммо гуфт, ИА аз тамомияти марзии Гурҷистон пуштибонӣ хоҳад кард.

Абхозистон аз авоили солҳои 90-уми асри гузашта худро аз Гурҷистон мустақил эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG