Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз ин ба баъд аҷсоди муҳоҷирини тоҷикро аз Русия ройгон ба ватан хоҳанд овард. Ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» ва ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтаанд, ин тасмим бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки тайи ду моҳи аввали соли равон аз Русия ба Тоҷикистон 68 тобути муҳоҷирони фавтидаи тоҷик мунтақил шудааст. Гуфта мешавад, аз ин миён 13 нафарашон кушта шуда ва боқӣ бар асари ҳаводиси нохуш ва маризиҳо фавтидаанд.
Ба иттилоъи додситонии нақлиётии Тоҷикистон, дар соли 2007-ум 356 ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷ ба ватан оварда шудааст.