Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 нафар бо иттиҳоми куштори як тоҷик дастгир шуданд


Хабаргузориҳои интернетии Русия гузориш медиҳанд, ки дар вилояти Маскав 5 нафари муттаҳам ба қатли як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Ин афродро инчунин дар се мавриди кӯшиши қатли шаҳрвандони Ӯзбакистону Тоҷикистон айбдор мекунанд. Сухан аз ҳодисаҳои ҳамла ба сокинони Осиёи Марказӣ меравад, ки дар фурсати байни моҳҳои феврал то апрели соли 2007 дар ноҳияи Митишинои Маскав ба қайд гирифта шудааст. Додситонии Митишино мегӯяд, ки ин ҷиноятҳо бар асоси адовати миллӣ содир шуда, таҳқиқи онҳо идома дорад. Созмони ҷамъиятии "Сова" мегӯяд, ки соли гузашта дар Русия беш аз 70 хориҷиҳо аз дасти гурӯҳҳои бегонаситез ба қатл расида, имсол ҳам ҳодисаҳои ҳамла ва куштори шаҳрвандони кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикистониҳо, афзоиш меёбад.
XS
SM
MD
LG