Иёлоти Муттаҳида киштии ҷангии "USS-Cole"- и худро ба соҳили Лубнон фиристод. Як мақоми аршади Амрико гуфт, ин иқдом аломати пуштибонии Иёлоти Муттаҳида аз суботи минтақа аст. Мақомот мегӯянд, ҳукумати Буш аз бунбасти сиёсӣ дар Лубнон ниграон аст ва онро натиҷаи мудохилаи Сурия мешуморад. Вуруди киштӣ ба соҳили Лубнон ба нигарониҳои Вошингтон таъкид мекунад.