Оҷонси «Авеста» бо истинод ба иттилоъи дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қасд дорад бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикони Русия дар шаҳри Маскав вохурӣ анҷом бидиҳад.
Ҳамин сарчашма навиштааст, ки сабаби аслии тасмими раисҷумҳури Тоҷикистон барои чунин вохурӣ масъалаи тавсеъаи нажодпарастӣ дар Русия ва афзоиши ҳодисаҳои куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар мебошад.
Гуфта мешавад, вохурии Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони созмону ҷамъиятҳои тоҷикони Русия дар чаҳорчуби нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ, ки ба наздикӣ дар Маскав баргузор мешавад, сурат хоҳат гирифт.